Шаҳбоз Саидаброров ва Темур Раҳимов дар мусобиқаи «Tashkent Grand Slam 2021 соҳиби ҷои панҷум шуданд

Дар Мусобиқаи байналмилалии дзюдо «Tashkent Grand Slam 2021», ки аз 5  то  7 март дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, варзишгарони шинохтаи  тоҷик Шаҳбоз Саидаброров дар вазни — 60кг ва Темур Раҳимов дар вазни +100кг ба гирифтани ҷои панҷум мушарраф шудандДар ин  бора шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тавре   қаблан иттилоъ дода будем, дар Мусобиқаи байналмилалии дзюдо «Tashkent Grand Slam 2021» 14 варзишгари шинохтаи  тоҷик иштирок доштанд: Абумуслим Қаюмзода, Шаҳбоз Саидаброров (-60кг), Баҳром Суфиев, Алиҷон Сафаралиев (–66кг), Сомон Маҳмадбеков (-73 кг), Акмал Муродов, Ҳақназар Назаров (-81кг), Комроншоҳи Устопириён, Амирҷони Насимҷон (-90 кг), Саидҷалол Саидов, Раҳмон Мансур (-100 кг), Темур Раҳимов, Шакармамад Мирмамадов (+100 кг) миёни мардон ва Шоҳида Қаландарова (-63кг) миёни бонувон.

Миёни онҳо Шаҳбоз, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Булғория Янислав Герчев, дар даври сеюм бар намояндаи Беларус Артем Коласау пирӯз шуд, вале дар чорякфинал қувваозмоиро бар варзишгари Озарбойҷон Каромат Ҳусейнов бохт. Ӯ дар даври тасаллобахш бар Ҷаба Папинашвилии гурҷӣ ғолиб омада, дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз Комрон Нуралиеви мизбон мағлуб гардида, ҷои панҷумро ишғол кард.

Темур то расидан ба ҷои панҷум дар даври дуюм бар Ричард Сипоз (Венгрия), дар даври сеюм бар Адам Окруашвилӣ (Гурҷистон) ва дар даври тасаллобахш бар Мартти Пумалаинен (Финландия) дастболо шуда, дар чорякфинал аз варзишгари Япония Кокоро Кагуера, ки медали тиллои ин вазнро сазовор шуд ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз намояндаи Германия Эрик Абрамов шикаст хӯрд.
Дар мусобиқаи мазкур 497 варзишгар (296 мард, 201 зан) аз 71 давлат ширкат намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Темур Раҳимов моҳи январи имсол дар мусобиқаи ситораҳои дзюдои  ҷаҳон дар Давҳа низ ҷои панҷум ва дар Гранд Слами Тел Авив ҷои ҳафтумро сазовор шуда буд.

Дигар варзишгаронамон дар даврҳои муқаддамотӣ аз ҳарифонашон шикаст хӯрданд. Бо ду ҷои панҷум дастаи мунтахаби  Тоҷикистон оид ба  намуди дзюдо миёни 71 давлати иштирокчӣ ҷои 25-умро ишғол кард. Варзишгарони Япония бо 9 медали тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ ҷои аввалро гирифтанд. Муғулистон бо 2 медали тилло, 2 нуқра, 1 биринҷӣ ҷои дуюм, Кореяи Ҷанубӣ бо 1 тилло, 1 нуқра, 4 биринҷӣ мақоми сеюмро сазовор шуданд.   Пас аз натиҷагирии Мусобиқаи байналмилалии дзюдо «Tashkent Grand Slam 2021»  мавқеи варзишгарони мо дар раддабандии олимпӣ тағйир ёфт. Темур Раҳимов, ки 360 хол ба даст овард, бо ҷамъи умумии 2811 хол як зина боло – аз ҷои 21 ба ҷои 20-ум баромад. Комроншоҳ Устопириён низ як зина боло шуда (аз ҷои 25 ба ҷои 24), мавқеашро беҳтар кард. Сомон Маҳмадбеков 2 зина аз даст дод: аз ҷои 15 ба ҷои 17 фаромад.

Хотиррасон мекунем, ки Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов аз дастгирии молиявии олимпии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархурдоранд ва барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ талош мекунанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: