«Масъалаҳои мубрами ташаккули ҳувияти миллӣ дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон»-таҳти ин унвон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид

Академияи илмҳои Ҷумҳурии ТоҷикистонИмрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами ташаккули ҳувияти миллӣ дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар кори конфронс олимон, донишмандон ва унвонҷӯён иштирок доштанд. Нахуст узви вобастаи Академияи илмҳо, профессор Муҳаммад Абдураҳмонзода дар мавзӯи «Соҳибистиқлолӣ ва ҳуввияти миллӣ» баромад намуда, масъалаи Истиқлолияти давлатӣ ва ҳуввияти миллиро яке аз масъалаҳои муҳим дар мавриди  ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ донист.

«Инкишофи ин ё он кишвар ба мардумоне, ки дар он ҷо зиндагӣ мекунанд вобастагии ногусастанӣ дорад. Аз ин рӯ, масъалаи ҳувиятсозӣ ин масъалаи ягонагии миллат буда, барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол мавзӯи хеле мубраму муҳим аст. Истиқлолият ин озодии том, озодиест, ки мардум худро мустақил эҳсос мекунанд ва барои рушду инкишофи ҷомеаи худ қадамҳои боз ҳам устувортар мегузоранд. Шояд  пояҳои асосии ба даст овардани истиқлолият он қадар роҳи сахт набошад, аммо таҳкими он масъалаи ҷиддӣ барои ҳар як соҳибкишвар аст, ки истиқлолияти худро нигоҳ дошта метавонад ё не. Ин  масъалаи  муҳим ҳам дар илм ва ҳам дар рафти инкишофи ҷомеа мебошад»,-зикр намуд ӯ.

Ба гуфтаи директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Назар Муъмин масъалаи ҳуввияти миллӣ аз масъалаҳои мубрамест, ки дар адабиёти имрӯзаи фалсафию сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба таври васеъ омӯхта нашудааст.

«Ҳарчанд, ки мо зарурати ҳувияти миллиро дарк мекунем ва онро бо масъалаҳои худшиносии миллат, истиқлолияти  мамлакат якҷоя таҳлил мекунем, аммо методологияе, ки имрӯз дар таҳрири масъалаи ҳуввияти миллӣ ҷо дорад, бениҳоят баста ба назар мерасад. Дар баъзе ҳолатҳо бояд ба назар гирем, ки ҳуввияти миллӣ ҳамчун яке аз нуқтаҳои стратегии рушди кишвар ҳисобида шуда, барои ҳарҷониба аз нуқтаи назарӣ омӯхтани ин масъала барои муҳаққиқон муҳим ба назар мерасад»,-баён дошт номбурда.

Дар  конфронс  таъкид гардид, ки яке аз масъалаҳое, ки дар ин замон бештар руйи кор меояд ин пайдо шудани идеяи миллист. Замоне ки як иншооти аср дар мамлакат  сохта мешавад, роҳҳои нав пайдо мешавад ва ҷумҳурӣ  аз бунбасти иқтисодиву иҷтимоӣ бароварда мешавад, ин бе чуну чаро ба зеҳну тафаккури мардум, хусусан ҷавонон  таъсири ҷиддӣ мерасонад. Маҳз ин омилҳои асосии ҳуввиятсозӣ ба шумор мераванд.

АМИТ «Ховар»