Имрӯз бо натиҷагирӣ аз фаъолияти баъзе вазорату идора, сохторҳои низомӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал бароварда, онҳоеро, ки ба вазифаҳои масъули сатҳи роҳбарӣ таъин шуданд, ба ҳузур пазируфтанд. Нахуст Сарвари давлат ҳозиринро вобаста ба иҷрои вазифа ва масъулияти роҳбарӣ бо тарзу усулҳои муосир, меҳнати софдилона баҳри ободии Ватан ва таъмини фазои шаффофу мусоиди кору фаъолият дар ниҳодҳои зери роҳбариашон ҳидоят намуданд.
Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раисони судҳои ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Шаҳристон, Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, раисони суди шаҳрҳои Бохтар, Леваканд ва ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, раиси суди ноҳияи Мурғоби ВМКБ, раиси суди иқтисодии ВМКБ, раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон, муовини раиси суди иқтисодии вилояти Суғд, муовини раиси суди шаҳри Ҳисор, судяҳои суди як қатор шаҳру навоҳии мамлакат аз ҳисоби ҷавонону мутахассисони варзида ва поквиҷдону масъулиятшинос таъин карда шуданд. Мутобиқи банди 8-и моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қосимзода Сулаймон Оймаҳмад ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.
Муминзода Бахтиёр Мумин бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бобозода Хисрав Хоркаш муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигард таъин гардиданд.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон прокуророни ноҳияҳои Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва Муминободи вилояти Хатлон, прокуророни шаҳрҳои Гулистон, Истиқлол, ноҳияҳои Ашт, Деваштич ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд таъин гардида, дар якчанд Раёсат ва сохторҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия низ тағироти кадрӣ сурат гирифт.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Носир — Директори муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, Давлатзода Сайфиддин муовини Вазири маориф ва илм, Аҳмадзода Орзу — муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Ширинҷонзода Маҳмуд – муовини аввал, Қаландарзода Ҳабибулло – муовини Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қурбонзода Амирхон Файзулло – муовини Раиси вилояти Хатлон таъин гардиданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат зимни суҳбат ҳар як хизматчии давлатиро таъкид намуданд, ки дар доираи санадҳои танзимкунандаи фаъолияти соҳавӣ кори бонизому дуруст ва самараноки самти вобасташударо таъмин намуда, дар иҷрои вазифаву масъулият бо ҷиддият, поквиҷдонӣ ва садоқат ба Ватану миллат муносибат намуда, тамоми нерӯи ақлониву ҷисмонӣ ва таҷрибаи касбкардаро баҳри ободии сарзамин ва мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷомеа ва сабабу монеаҳои пешрафту тараққиёти кишвар равона намоянд.
“Дар шароити зудтағирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва авзои минтақа афроди огоҳу ҳушёр, соҳибкасбу баномус ва дорои ҳисси баланди ватандӯстӣ метавонанд оромии сарзамин ва дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз намоянд”, -таъкид намуданд дар фарҷоми сӯҳбат Пешвои миллат.