Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон

Маросими истиқболи расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри “Оқ-Орда” сурат гирифт.

Ба хотири истиқболи меҳмони олимақом Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон макони истиқболи расмӣ бо парчамҳои давлатии ду кишвар идона оро ёфта, горд ва оркестри фахрӣ саф кашида буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев самимона пешвоз гирифт.

Пеш аз оғози маросими расмии истиқболи меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев нахуст бо ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар шинос шуданд.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват кард.

Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузашти сарони давлатҳо аз назди сарбозон, ба ҷо овардани эҳтиром ба Парчами давлатии Қазоқистон ва гузашти низомии сарбозони горди фахрӣ сурат гирифт.

Баррасии масоили муҳими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории шарикию стратегии Тоҷикистону Қазоқистон дар мулоқоти хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев оғоз гардида, дар музокироти ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб идома ёфт.

Дар оғози мулоқот Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев меҳмони олимақом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба кишвараш хайрамақдам гуфта, барои саҳми муносиб дар рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар вазъияти тантанавӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ордени давлатии “Парасат” (Фаросат) — ро тақдим намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои даъват ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ, аз пазироии самимии роҳбарият ва мардуми Қазоқистон, инчунин барои бо мукофоти давлатии Қазоқистон сарфароз гардиданашон, ба Нурсултон Назарбоев изҳори сипос намуда, бо итминон иброз доштанд, ки ин сафар ва натиҷаҳои он баҳри таъмиқу тавсеаи равобити дуҷонибаи барои мардумони ду кишвар судманд заминаи мусоидро фароҳам меорад.

“Муносиботи ҳамкорӣ бо Қазоқистон дар сиёсати хориҷии мо мавқеи асосӣ дорад ва мо минбаъд низ барои рушди онҳо манфиатдорем. Дар соли таҷлили 25 — солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки дар ин муддат байни кишварҳоямон равобити боэътимоди сиёсӣ роҳандозӣ гардида, мо заминаҳои муҳими ҳуқуқию меъёрии дуҷонибаро фароҳам овардем”, — таъкид доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо изҳори қаноат иброз доштанд, ки бо такя ба ин дастовардҳо мо тавонистем ҳамкориҳоямонро ба сатҳи шарикии стратегӣ барорем.

Таъкид гардид, ки ҳамаи дастовардҳои мардуми Қазоқистон бо шарофати сиёсати хирадмандона ва ояндадори муҳтарам Нурсултон Назарбоев ба даст омадааст.

Ҷонибҳо зимни мулоқоти хосса аз ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои умумиҷаҳонӣ изҳори қаноат карда, ҷонибдории мавқеъ ва ташаббусу ибтикороти якдигарро дар арсаи рушди ҳамкории байниминтақавӣ ва таъмини амнияту субот мутобиқи манфиатҳои тамоми кишварҳои минтақа махсус таъкид намуданд.

Баргузории мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Остонаро шакли нави ҳамкориҳои минтақавӣ номида, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев изҳор дошт, ки ҳамаи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба оби ошомиданӣ ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд ва бо итминон иброз дошт, ки ҷониби Қазоқистон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба оғози татбиқи Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар Тоҷикистон фаъолона иштирок менамояд.

Зимни мулоқот ҳар ду ҷониб аз мавқеи ҳамсон ва ҳамгироии давлатҳо оид ба ҳалли масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай ёдовар шуданд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки Тоҷикистон омодааст, раисиро дар Машварат оид ба ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба уҳда гирад.

Дар ҷараёни мулоқоти ҳайатҳои расмии ду кишвар маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуда, пеш аз ҳама ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи байнидавлатии ҳамкории иқтисодӣ ва татбиқи ҳадафҳои он баҳри пешбурди ҳамгироӣ дар арсаҳои муҳим, бахусус тиҷорат, саноати кӯҳию сохтмонии бахши саноат, энергетика, нақлиёт, технологияҳои иттилоотӣ ва алоқа, муносибатҳои молиявию қарзӣ ва дигар самтҳои ҳамкории иқтисодӣ, зарур шуморида шуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин аз афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар, ки соли гузашта ҳаҷми он зиёда аз 800 миллион долларро ташкил кард, инчунин таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Таъкид гардид, ки Қазоқистон аз рӯйи гардиши мол бо Тоҷикистон дар байни шарикони тиҷоратии хориҷӣ мавқеи дуюмро соҳиб шуд.

Саҳми арзандаи Нурсултон Назарбоев дар ба даст овардани тавофуқот оид ба афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Қазоқистон махсус таъкид гардида, изҳори умедворӣ карда шуд, ки бо ин роҳ мо метавонем ҳаҷми гардиши молро то ба ҳадди миллиард доллар расонем.

Барои ин таклиф ба миён гузошта шуд, ки баргузории намоишгоҳҳои маҳсулоти ду кишвар, бизнес — форумҳо ва ба роҳ мондани робитаҳои мустақими иқтисодию маблағгузорӣ, робитаҳои байни минтақаҳо ва субектҳои хоҷагидории ҷонибҳо ба роҳ монда шавад.

Дар ҷараёни мулоқоти дуҷониба, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт, ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ ва шарикиро дар дигар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла нақлиёт, сиёсати тааруфаҳои нақлиётию транзитӣ, афзоиши боркашонӣ тавассути роҳҳои заминии Қазоқистон, ифтитоҳи хатсайрҳои мустақим байни пойтахтҳои ду кишвар баррасӣ карданд.

Бо дарназардошти мавқеи пешбарандаи Тоҷикистон дар самти истифодаи захираҳои об, ҳамгироӣ баҳри ҳифзи муҳити зист, таъмини истиқлолияти энергетикӣ таклиф карда шуд, ки ҳар ду кишвар метавонанд, барои содироти неруи барқ аз Тоҷикистон ба Қазоқистон ҳамкории судмандро густариш диҳанд.

Ҳамкории сармоягузорӣ низ аз самтҳои афзалиятнок ва манфиатбори ду кишвар арзёбӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки айни ҳол дар Тоҷикистон зиёда аз 80 корхонаи муштарак фаъолият дорад ва дар Қазоқистон ҳам чунин корхонаҳо бо иштироки сармоягузорони тоҷик мавҷуд аст. Ҷоннок кардани ин ҳамкориҳо барои эҷоди фазои мусоиди сармоягузорӣ ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисодӣ, саноат, энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ мусоидати фаъол хоҳад кард. Ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва содироти он ба кишварҳои дигар низ ба манфиати иқтисоди Тоҷикистону Қазоқистон муҳим арзёбӣ карда шуд.

Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, равобити ҳасанаи ҷамъиятҳои тоҷикону қазоқҳо, имзои санади байниҳукуматӣ оид рафтуомади мутақобил ва низоми буду боши шаҳрвандони ду давлат дар қаламрави ҳамдигар, фарҳангию башарӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, илму маориф, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла дар соҳаи низомӣ, аз мавзуҳои дигари мулоқот буд, ки ҷонибҳо вобаста ба ҳамаи онҳо тасмимоти мушаххас гирифтанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳалли масъалаҳои мубрам ва доғи ҷомеа, рафъи дигар хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин ҳамкориҳои зичи амниятӣ табодули андеша ва пешниҳод карданд.

Зимни мулоқот аз вазъи мураккаби сиёсӣ дар як қатор кишварҳои ҷангзада, аз ҷумла нооромиҳо дар баъзе маҳалҳои Афғонистон, ки ба амнияти минтақа таҳдид мекунанд, изҳори нигаронӣ карда шуд.

Вобаста ба тезутунд шудани рақобати дохилисиёсӣ ва афзоиши шумораи неруҳои ҷангиёни давлати бо ном исломӣ дар қисми шимолии Афғонистон пешниҳод гардид, ки иқтидори неруҳои сарҳадии Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешгоҳи муқовимат ва хатар, пурқувват карда шавад.

Ҷонибҳо бори дигар оид ба мавқеи устувор ва тағйирнопазири худ баҳри мубориза бар зидди ҳамагуна хатару таҳдидҳо, мусоидати фаъол ҷиҳати рушди иқтисодиёти ин кишвари ҳамсоя,  истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон омодагии худро иброз доштанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин вобаста ба дигар мавзуҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо табодули андеша сурат гирифт.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сурат гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев Эъломияи муштаракро имзо карданд.

Ҳамчунин санадҳои зерин имзо карда шуд:

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба реадмиссия;

Протоколи иҷроияи тартиби татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба реадмиссия;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон барои солҳои 2018-2019;

Ёддошти тафоҳум байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба нияти ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ;

Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба нияти ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ.

Ҳамчунин зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон 5 санади дигари ҳамкорӣ ба имзо расид:-

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорат оид ба корҳои дин ва ҷомеаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Қазоқистон;

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон;

Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисоди миллии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати зиддинҳисорӣ;

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳҳомии Ширкати миллии “Казах Туризм”;

Ёддошти тафоҳум байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба корҳои хизмати давлатӣ ва муқовимат бо коррупсия — дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ.

Баъди анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкории дуҷониба Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои вохурии сатҳи олиро барои таҳкими муносибатҳои шарикию стратегӣ ба манфиати мардумони ду кишвар неку бобарор арзёбӣ карданд.