Имрӯз дар минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш   дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш  шуда,  дар шарқи вилоят шабона -9-7   ва рӯзона -1+1 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои бебориш пешгӯӣ    шуда,  шамол аз самти шарқ шабона 3-8  метр   дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона +1+3  ва рӯзона  +9+11  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар водиҳо шабона +2+4 ва рӯзона +13+5   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои бебориш дар назар буда, ҳарорат шабона ба -2+3 ва рӯзона ба 7+12 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, шабона -1+1  ва рӯзона 10+12  дараҷа гарм мешавад.

АМИТ "Ховар"