Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва боридани борону барф пешгӯӣ мешавад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои   тағйирёбандаи абрнок, дар баъзе ҷойҳо боридани борону барф ва фаромадани туман дар назар аст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз, 16 декабр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят  шабона  14-19, дар баъзе ҷойҳо то 20-25 ва рӯзона 8-13 дараҷа хунук мешавад.

«Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар баъзе ҷойҳо боридани борону барфи кӯтоҳмуддат ва баъзан фаромадани туман пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук, дар баъзе ҷойҳо 0-5 дараҷа гарм ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад»,-илова намуд манбаъ.

Обуҳавошиносон иттилоъ доданд, ки имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва баъзан фаромадани туман пешбинӣ  шуда, шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар водиҳо бебориш, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барфи кӯтоҳмуддат дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ 2-7  метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук,  рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш  пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3-5 дараҷа хунук ва рӯзона 8-10 дараҷа гарм мешавад.

АМИТ "Ховар"