Ифтитоҳи «Гимназияи хусусии хонандагони лаёқатманд ба номи Аминҷон» дар шаҳри Қӯрғонтеппа

Бо буридани лентаи рамзӣ имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Муассисаи таълимии «Гимназияи хусусии хонандагони лаёқатманди ба номи Аминҷон» — и шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз бахшиданд.

Муассисаи мазкур аз ҷониби соҳибкор Амонулло Саъдуллоев сохта шуда, дорои шароити муосири таълимӣ, синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо техникаву технологияи муосири илмомӯзист.

Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки гимназияи мазкур имконият дорад дар як баст 640 нафарро ба омӯзиш фаро гирад. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз утоқҳои таълимӣ, синфхонаҳои фаннӣ ва толору маҷлисгоҳҳои муассиса дидан намуда, ба кори сохтмончиён баҳои баланд доданд.

Тавре маълум гашт, Муассисаи хусусӣ аз 24 синфхона иборат буда, дар он 2 утоқ барои омӯзиши компютер, 1 утоқ барои омӯзиши фанни физика, 1 утоқ барои омӯзиши фанни химия ва 1 адади дигар барои омӯзиши фанҳои биологияву технология пешбинӣ гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ дар ин муассиса бо назардошти талаботи феълии меъмориву шаҳрсозӣ ба анҷом расида, хонандагон имконият доранд, ки бо истифода аз шароити муосири илмомӯзӣ ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ ба омӯзиш машғул шаванд.

Муассисаи таълимӣ дар масоҳати 5 гектар замин сохта шудааст. Муассиса ҳамчунин дорои толори варзишӣ, майдончаи варзишӣ барои футболу волейбол, баскетбол ва майдончаи сафороӣ барои дарси омодагии ибтидоии ҳарбӣ буда, дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ дар муосиртарин шароит доир карда мешаванд. Маҷлисгоҳи гимназияи мазкур бошад барои 126 нафар пешбинӣ гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарият ва омӯзгорони гимназияро ба роҳандозии усулҳои муосири таълимӣ ва тарбияи дурусти насли наврас ҳидоят намуданд.