Хуршед Маҷидов дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо сазовори медали биринҷӣ гардид

Варзишгари тоҷик Хуршед Маҷидов дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо сазовори медали биринҷӣ шуд. Дар ин бора  аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур аз  30 ноябр то 1 декабр дар Гонг Конг бо иштироки 163 нафар варзишгарон (96 мард, 67 зан) аз 30 давлат баргузор гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа  ду варзишгар: Хайёмиддин Ҷабборов дар вазни -73 кг ва Хуршед Маҷидов дар вазни -100 кг намояндагӣ карданд.

Хуршед Маҷидов дар даври аввал аз Даниел Дичеви булғористонӣ, ки ғолиби вазни -100 кг гардид, мағлуб шуда, барои ҷои сеюм дар қувваозмоӣ варзишгари Чехия Радек Ҳеклро шикаст дод. Медали нуқраро варзишгари Муғулистон Хангал Одбаатар ба даст овард.

Хайёмиддин Ҷабборов дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бар варзишгари мизбон Чо Фунг Леунг ва дар чорякфинал бар варзишгари Муғулистон Чоиҷилсурен Ганболд пирӯз гардида, ба нимфинал роҳ ёфт. Ӯ дар нимфинал аз намояндаи Россия Маҳмадбек Маҳмадбеков, ки ғолиби вазни -73кг гардид, шикаст хӯрд. Инчунин дар  қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз варзишгари дигари Муғулистон Болор-Очир Герелтуйа мағлуб шуда, ҷои панҷумро ишғол намуд. Медали нуқраи вазни -73кг насиби намояндаи Қазоқистон Медиёр Сембаев, медали дигари биринҷӣ насиби варзишгари Канада Константин Габун гардид.

АМИТ «Ховар»

Tags: