Синни ба нафақа баромадани кормандони мақомоти гумрук баланд бардошта шуд

IMG_6935Синни ба нафақа баромадани кормандони мақомоти гумруки Тоҷикистон се сол баланд бардошта шуд. Дар ин росто 21 апрел вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намуданд. Дар асоси ин тағйирот минбаъд кормандони мақомоти гумруки Тоҷикистон вобаста ба рутбаҳояшон дар синни 53, 58 ва 63 солагӣ ба нафақа мебароянд. Қаблан ба кормандони мақомоти гумрук дар синни 50, 55 ва 60 нафақа таъйин карда мешуд.
Абдуфатоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мазкурро дар Парлумони кишвар тавзеҳ дода гуфт, ки ҳадафи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки ҷумҳурӣ бо назардошти нигоҳ доштани иқтидори кории шаҳрвандони дар хизмати давлатӣ фаъолиятдошта, буҳрони молиявӣ ва имконияти буҷети давлатӣ мебошад. Мавсуф афзуд, ки барои нигоҳ доштани корманд дар вазифаи нозир дар мақомоти гумрук аз буҷети давлатӣ дар як моҳ ба маблағи 1037 сомонӣ сарф мегардад. Дар 50-солагӣ ба нафақа баромадан бо назардошти собиқаи хизмати 25- сола ба корманд 830 сомонӣ нафақа таъйин ва пардохт карда мешавад . Дар сурати ба муҳлати се сол зиёд намудани маҳдудиятҳо вобаста ба синну сол тибқи таҳлилҳои гузаронидашуда, сарфаи маблағҳои буҷавӣ, масалан барои як нозир дар як сол беш аз 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Абдуфатоҳи Ғоиб афзуд, ки танҳо дар соли 2016 бинобар расидан ба синни ниҳоии хизмат дар мақомоти гумрук ба 25 нафар кормандон нафақа таъйин карда шуд, ки аз он се нафар сардори Раёсат, як нафар муовини сардор, 7 нафар сардори шуъба, 7 нафар сарнозир, 5 нафар нозири калон ва ду нафар нозир аст. Ҳол он ки аз ин теъдоди нафарони ба нафақа баромада ба буҷет 463 ҳазор сомонӣ сарфа мешуд. Инчунин бо дахли асосҳои қатъи хизмат дар мақомоти гумрук Абдуфаттоҳи Ғоиб зикр намуд, ки кормандони мақомоти гумрук бо хоҳиши шахсӣ, бинобар расидан ба синни нафақа, анҷоми қарордод, ихтисори ҳайати кормандон, барои дағалона ва мунтазам вайрон намудани интизоми хизматӣ, барои содир намудани рафторе, ки ба шарафи корманди мақомот иснод меорад ва мувофиқат накардани вазифаи хизматӣ ба ихтисоси корманд тибқи натиҷаи аттестатсия, вафот, барои вайрон кардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории кишвар оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо аз кор барканор ва фаъолияташон қатъ мегардад.
Ҳамзамон ба моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон банди 13 илова карда шуд, ки тибқи он минбаъд воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонӣ барои иншооти сайёҳӣ, аз қабили меҳмонхона, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои табобатӣ, марказҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.​

Tags: