Х. Холиқназар: «Мо ба Президенте, ки миллати Амрико интихоб кардааст, эҳтиром мегузорем»

«Мо, мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенте, ки миллати Амрико онро интихоб кардааст, эҳтиром гузошта, онро қобили қабул мешуморем.  Бо маъмурияти наве, ки  интихоб мешавад, кӯшиш мекунем ҳамаҷониба ҳамкории мутақобилан судманд ва ҳамаҷонибаро ба роҳ монем. Ҳадафи асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамин аст»,- чунин иброз намуд Худобердӣ Холиқназар, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ дар робита ба пирӯз шудани Доналд Трамп дар интихоботи президентӣ дар Амрико.

«Бояд гуфт, ки ҳанӯз ин натиҷаи ниҳоӣ ва дақиқ ба ҳисоб намеравад. Танҳо баъд аз ҳисоби овозҳо дар тамоми иёлатҳо натиҷаи ниҳоӣ маълум мешавад. Вале вақте Ҳиллари Клинтон ба Доналд Трамп занг зада, ӯро бо пирӯзӣ табрик намудааст, ин баёнгари он аст, ки аллакай дар Амрико Доналд Трамп Президенти  Амрико интихоб шудааст. Муҳимтарин василае, ки дар Амрико вуҷуд дорад-ин ба даст овардани 270 овози интихобкунандагон аст. Мо имрӯз дидем, ки Трамп на танҳо 270, балки 276 овоз ба даст овард ва Ҳиллари Клинтон танҳо 218 овоз ба даст овард», -илова намуд Худобердӣ Холиқназар.

Як рӯз пеш мутахассисон, коршиносони машҳури Амрико ва Аврупо дар пайи назарсанҷиҳо ҳадс зада буданд, ки дар интихоботи президентии Амрико Ҳиллари Клинтон ҳатман пирӯз мешавад.

Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ иброз намуд: «Интихоботро наметавон пешгӯӣ кард, ки дар оянда дар он кишвар чӣ мешавад. Дар лаҳзаҳои охирин низ барномаҳои гуногуни таблиғотӣ метавонанд таъсири  худро расонанд. Дар Амрико рӯзи хомӯшӣ вуҷуд надорад ва онҳо ҳатто дар рӯзи интихобот низ метавонанд таблиғотро анҷом диҳанд».

Доналд Трамп тоҷири 70-солаи амрикоӣ, ки қаблан дар мақомоти давлатӣ фаъолият накардааст, Президенти 45-уми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико интихоб шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: