Истиқлол бори шашум ғолиби Чемпионати Тоҷикистон гардид

Дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе қаҳрамони шашкаратаи Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ шуд.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, «Истиқлол» дар  бозии даври бистум аз Чемпионати Тоҷикистон дастаи «Панҷшер» — ро бо ҳисоби (5: 0) мағлуб карда, пеш аз анҷоми мавсим унвони чемпиониро ба даст овард.

Барои дастаи футболбози пойтахт ин чорумин унвони чемпионии  пай дар пай аст. Пештар  «Истиқлол»  дар соли 2010, 2011, 2014, 2015, 2016 ғолиби чемпионати мамлакат шудааст.

То анҷоми мавсим дастаи «Истиқлол» панҷ бозии дигар мегузаронад.

АМИТ "Ховар"