ФУТБОЛ: Зинедин Зидан ба «Реал»-и Мадрид баргашт

Зинедин Зидан ба «Реал»-и Мадрид баргашт. Ин хабар дар  дили шаб тамоми расонаҳои хабарии ҷаҳонро ба ларза овард. Баргашти яке аз мураббиёни шӯҳратёри ҷаҳон барқосо мисли он, ки аз дастаи «Реал» рафта буд, ҳамон тавр шӯру шарар ба вуҷуд овард.

Зизу аз дастаи қудратмандтарину  муваффақи «Реал»-и Мадрид, ки дар авҷи комёбиҳову ғалабаҳои пайдарпай қарор дошт ва мағлубнопазир буду ҳама ҷомҳоро болои сар мебардошт, бе розигии  президенти он Флорентино Перес рафта буд ва акнун ба дастае, ки ҳама ҷомҳоро аз даст додаасту  бо рафтани ситораи дурахшонаш -Криштиану Роналду хастаҳолу нотавон мондааст, баргашт.

Перес дар вақти мулоқот бо Зидан гуфтааст: «Ман хато кардам». Ин аз он далолат мекунад, ки шахси мутакаббир баъди ғалаба дар Лигаи чемпионҳои Аврупо дар шаҳри Киеви Украина ба суханҳои Зизу эътиборе надода буд.

Барои чӣ Зидан тобистон неву ҳоло ба «Реал» баргашт? Сабаби оҷилан аз нав ба «Реал» овардани мураббии фаронсавӣ аз ҷониби Перес он аст, ки  даъват шудани  Зизу аз тарафи клубҳои машҳури футболи ҷаҳон, аз қабили «Челси» ва «Ювентус» ӯро саросема кард.

Тибқи хабаргузории сомонаи расмии «гаразмониҳо», қарордод байни бошгоҳ ва мутахассиси фаронсавӣ то соли 2022 баста шудааст. Зидан дар клуби футболи  шаҳри Мадрид дар як сол 16 млн евро маош мегирад. Бо роҳбарии Зизу «Реал» се маротиба пай дар пай ғолиби Лигаи чемпионҳои Аврупо гардид, ки дар таърихи футбол ба ин муваффақият ягон сармураббии дигар комёб нашудааст.

Дар мавсими соли 2018-2019  ду маротиба «Реал» сармураббиашро иваз кард. Моҳи октябр Хулен Лопетеги аз мансаб сабукдӯш гардиду ба ҷояш Солари омад. Акнун Солариро Зидан иваз намуд.

АМИТ «Ховар»