ҶОМИ КФО-2017: Бозии финалӣ миёни дастаи «Истиқлол» ва «Эйр Форс» дар Ҳисор доир мешавад

Бозии финалии Ҷоми КФО-2017 миёни  дастаи футболи  «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва дастаи «Эйр Форс»-и Ироқ 4 ноябр, соати 18:00, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир мегардад. Қабл аз оғози сабқати таърихӣ дар варзишгоҳ бо иштироки сарояндагони эстрадаи тоҷик баҳри болидарӯҳии мухлисон консерт гузаронида мешавад.

Барои бозии финалии Ҷоми КФО-2017 фурӯши чиптаҳо дар хазинаи ду варзишгоҳ- Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ва Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин мухлисон метавонанд аз мағозаҳои расмии «Истиқлол» ва «Joma», ки дар суроғаи хиёбони Рӯдакӣ-85 ҷойгир мебошанд, чиптаҳо дастрас намоянд.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба  хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, барои бозии финалии Ҷоми КФО-2017 чиптаҳо бо ду нарх ба фурӯш бароварда шудаанд. Қимати чиптаҳо барои сектори 1 ва 2-юми варзишгоҳ 20 сомонӣ буда, барои секторҳои боқимонда ба 10 сомонӣ баробар аст.

АМИТ "Ховар"