ФАРҲОД РАҲИМӢ: «МО БОЯД ФАЛСАФАИ МУОСИРРО ОМӮЗЕМ…». 21 ноябр- Рӯзи умумиҷаҳонии фалсафа

«Мо  бояд фалсафаи муосирро омӯзем, фалсафаи истиқлолиятро омӯзем, фалсафаи ҷаҳонишавиро омӯзем, чунки дар асл ҷаҳонишавӣ ҷаҳонгардонист ва кишварҳои абарқудрат ин равандро ба хотири татбиқ сохтани манфиатҳои геополитикии  худ ба ҷаҳониён таҳмил намудаанд». Ин матлабро имрӯз, 21 ноябр президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ дар Конференсияи илмӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии фалсафа таҳти унвони «Масоили мубрами фалсафаи муосир», ки дар Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки олимони файласуф доир гардид, баён дошт.

Фарҳод Раҳимӣ зикр намуд, ки «суиистифода шудани бархӯрдҳои мазҳабӣ, динӣ ва миллӣ аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатҷӯ моро водор месозад, ки истиқлолияти давлатиамонро ҳифз кунем, чунки ба даст овардани истиқлолият аз ҳифз намудани он осонтар аст».

Ноиби президенти Академияи илмҳои ҶТ, узви вобастаи АИ ҶТ Абдураҳмон Муҳаммад дар рӯзи умумиҷаҳонии фалсафа олимонро ба таҳқиқ намудани усулҳои навтарини ҷаҳонгардонӣ даъват намуд.

Дар Конференсияи мазкур академикҳои АИ ҶТ Мӯсо Диноршоев ва Кароматулло Олимов сухан намуда, масъалаҳои мубрами фалсафаи муосирро пажӯҳиш карданд.