Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун эълон менамояд

Кумитаи Телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд:

Дастгоҳи марказӣ

1.     Муовини сардори Раёсати иқтисод ва баҳисобгирии бухгалтерӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1630  сомонӣ.

2. Мутахассиси пешбари Раёсати иқтисод ва баҳисобгирии бухгалтерии - 1 ҷой, маоши мансабӣ– 806 сомонӣ.

3. Сармутахассиси Раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳо ва  муносибатҳои байналмилалӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1040 сомонӣ.

4. Мутахассиси пешбари Раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳо ва муносибатҳои байналмилалӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 806 сомонӣ.

5. Сармутахассиси Раёсати баҳисобгирии кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1040 сомонӣ.

6. Мутахассиси пешбари бахши ҳуқуқи Раёсати баҳисобгирии кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 806 сомонӣ.

7. Сармутахассиси Бахши истеҳсолӣ- техникӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1040 сомонӣ.

Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ

1. Сармутахассиси бахши техникӣ ва таъминоти ҳуқуқии Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 941 сомонӣ.

2. Мутахассиси пешбари бахши техникӣ ва таъминоти ҳуқуқии Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 769 сомонӣ.

3. Мутахассиси пешбари бахши назорати барномаҳои Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 769 сомонӣ.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақомот;

- варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;

- шарҳи ҳол;

- нусхаи диплом;

- 2 дона расми 3х4;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;

- нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);

- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  086 УЕ;

- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

- маълумотнома (справка- объективка).

Барои ишғоли мансаби муовини сардори Раёсат

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Барои ишғоли мансаби сармутахассис

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

Шаҳри Душанбе, кўчаи Чапаев 31 (Хонаи Радио),

Телефон барои маълумот 227-65-69. суроғаи электронӣ: info@ktr.tj.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.