Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Роҳбари Академияи миллии дипломатии Корея мулоқот намуд

26 ноябр дар чаҳорчӯби сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Мудири кулли Академияи миллии дипломатии Корея Ким Ҷун Ҳёнг мулоқот намуд.  

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо аҳамияти ҳамкории муштаракро дар самти омода намудани дипломатҳои касбӣ, аз ҷумла зиёд намудани теъдоди дипломатҳои ҷавони тоҷик барои иштирок дар давраҳои бозомӯзии Академияи дипломатии Корея изҳор намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо Ёддошти тафоҳум байни Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии назди Вазорати корҳои хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии дипломатии Кореяро ба имзо расониданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: