ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ боғҳои бисёрсола барқарор карда мешаванд

Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷиҳати барқарор намудани боғҳои бисёрсола тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд. Дар Стансияи таҷрибавии зироати гармидӯсти ноҳия вобаста ба барқарор намудани боғот дар майдони 6 га боғҳои нав бунёд гардиданд.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар боғҳо дарахтони бодому шафтолу, зардолу, анҷир, анор, хурмо ва зиёда аз 5 ҳазор бех дарахтони ороишии сӯзанбарг сабзонида хоҳанд шуд. Майдони умумии боғи стансияи таҷрибавӣ 18 гектарро ташкил дода, дар ин мавзеъ ҳамзамон гармхонаҳои лимӯ ва сабзавотпарварӣ бунёд шуданд.

Ҳамчунин зикр карда шуд, ки кормандони боғ дар ин мавзеъ дарахтонеро парвариш менамоянд, ки дар минтакаҳои нисбатан иқлимашон гарм сабзиши хуб доранд. Дар назар дошта шудааст, ки имсол дар ноҳия тибқи «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ» дар майдони 14 га боғу токзор барқарор карда шаванд.

АМИТ«Ховар»

Tags: