Дилбар Шоева беҳтарин омӯзгори Тоҷикистон дар соли 2018 эълон гардид

Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018» ҷамъбаст гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар озмун панҷ нафар довталабон  аз ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон,  шаҳрҳои Душанбе ва Варзоб  аз рӯйи 7 шарт байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Муовини якуми Вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев дар бораи мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеаи имрӯза  сухан гуфта, иброз дошт, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба омӯзгор хеле зиёд аст. «Дарвоқеъ, касби омӯзгорӣ пешаи пурзаҳмату сангин  аст.  Рисолати омӯзгор  тарбияи инсони комил  мебошад. Аз ин рӯ,  дар ниҳоди  шогирд  тарбия намудани   беҳтарин фазилатҳои инсонӣ  кори осон нест. Ба роҳи рост талқин намудани шогирд вазифаи аввалиндараҷаи  омӯзгор, устод  ва  мураббӣ аст»,- зикр намуд Раҳматулло Мирбобоев.

Муовини Вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ иброз намуд, ки озмуни мазкур охири ҳар сол бо мақсади дарёфти омӯзгорони боистеъдод, навовар, эҷодкор, қадрдонии меҳнати омӯзгор ва баланд бардоштани мақому манзалати ӯ дар ҷомеа, рушди фаъолияти касбии кормандони соҳаи маориф, тарғиби таҷрибаи пешқадами омӯзгорони беҳтарини Тоҷикистон гузаронида шуда, дар ин самт аз тарафи Вазорати маориф ва илм барои дар сатҳи баланд ва шаффоф доир намудани он тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Мувофиқи натиҷаи аъзои ҳакамон омӯзгори фанни таърихи гимназияи №74-и шаҳри Душанбе Дилбар Шоева «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018» эълон гардида, бо мукофоти рамзӣ, мукофоти пулӣ бо маблағи 4000 сомонӣ ва нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» қадрдонӣ гардид.

Ҳамчунин тамоми иштирокчиёни озмун бо нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва туҳфаҳои рамзию молии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илм қадрдонӣ шуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: