Ҷавонон сиёсати Пешвои миллатро ҷонибдорӣ менамоянд

Бо ташаббуси гурӯҳи ҷавонони «Авангард» бахшида ба Соли ҷавонон дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш дар мавзӯи «Ҷавонон сиёсати Пешвои миллатро ҷонибдорӣ менамоянд» доир гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҳамоиш ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода зикр намуд, ки ҷавонони зодаи истиқлол ҳамаҷониба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро ҷонибдорӣ менамоянд.
Дар ҷараёни ҳамоиш намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ Мансур Бухоризода оид ба фаъолияти гурӯҳи ҷавонони «Авангард» иброз дошт, ки «мақсади ин гурӯҳ боз ҳам баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон мебошад. Мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳамкорӣ бо ҷавонони фаъол пайваста бо ҷомеаи шаҳрвандӣ суҳбату вохӯриҳо ташкил намуда, дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ тадбирҳои мушаххас меандешанд».

АМИТ "Ховар"

Tags: