Пагоҳ Парлумони Тоҷикистон Қонуни авфро баррасӣ менамояд

Интизор меравад, ки пагоҳ вакилони Парлумони Тоҷикистон дар иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро баррасӣ намоянд.
Масъалаи мазкур имрӯз дар ҷаласаи палатаи поёнии Парлумони мамлакат, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон доир гардид, баррасӣ шуд.
Аъзои Шӯро ҳамзамон Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи супоридани маҳкумшудагон, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният, инчунин дар бораи пас гардонидани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»-ро баррасӣ намуданд. Бархе аз масъалаҳои баррасишуда барои муҳокима ва қабул ба иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагон ва як қисмаш ба кумитаҳои палатаи поёнии Парлумони мамлакат пешниҳод карда шуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: