Дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар «Russian judo tоur» дар Красноярск иштирок менамояд

4-7 август дар шаҳри Красноярски Федератсияи Русия мусобиқаи навбатӣ оид ба ҷудо дар доираи «Russian judo tоur» баргузор мешавад, ки дар он варзишгарони тоҷик иштирок менамоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тибқи низомнома, дар рӯзи аввал варзишгарон дар вазнҳои -60кг, -66кг, -73кг байни мардҳо ва -63кг, -70кг, -78кг, +78кг байни занон сабқат мекунанд. Рӯзи дуюм мардҳо дар вазнҳои -81кг, -90кг, -100кг, +100кг ва занон дар вазнҳои -48кг, -52кг, -57кг гӯштин мегиранд.

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 9 варзишгарро ба Красноярск сафарбар менамояд:

-73кг — Саидзода Иброҳим

-73кг — Бозоров Бахтиёр

-73кг — Сафаралиев Алиҷон

-73кг — Хоркашев Зикриоло

-100кг — Анварзода Эмомризо

-100кг — Раҳимов Исроил

-48кг — Қарчиева Шукрона

-57кг — Гулбоева Фазилат

-63кг — Одинаева Мавлюда

Дар мусобиқа тақрибан иштироки 250 варзишгар аз Русия, Арманистон, Беларус,  Тоҷикистон, Эрон, Муғулистон ва дигар давлатҳо  дар назар аст.

Tags: