ФУТБОЛ: «Истиқлол» аввалин бозингарро аз хориҷи кишвар ба даста даъват намуд

Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар равзанаи гузариши тобистона бо нимҳимоятгар аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷаҳонгир Абдумӯминов қарордоди яксола ба имзо расонд.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Ҷаҳонгир Абдумӯминов фаъолияти варзишии худро соли 2010 аз дастаи  футболи «Машъал»-и шаҳри Муборак оғоз карда, то соли 2014 шарафи ин дастаро ҳимоя кардааст. Баъдан дар дастаҳои  футболи  «Олмалик», «Металлург» ва «Суғдиёна»-и вилояти Ҷиззах ҳунарнамоӣ кардааст.

Ёдовар мешавем, ки Ҷаҳонгир Абдумӯминов 25 сол дорад ва дар ҳайати дастаи ҷадидаш — «Истиқлол» бо шумораи 7 бозӣ мекунад.

АМИТ «Ховар»