ФУТБОЛ: натиҷаҳои бозиҳои даври 13-уми Лигаи олӣ маълум гардиданд

Бозиҳои даври 13 –уми  чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

Тавре аз  Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар бозии марказӣ  дастаи   футболи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар майдони худ бар  дастаи футболи   «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби минималии 1:0 ғалаба кард. Голи ягонаро Бахтиёр Қаландаров дар дақиқаи 82-юм ба ҳадаф расонид. Бохти  дастаи футболи   «Куктош»-ро дастаи футболи  КМВА «Помир» натавонист истифода барад. Бозии ин даста бо  дастаи  футболи «Панҷшер» бидуни гол анҷом ёфт.

Мухлисони футбол рӯзи 5 август шоҳиди ду бозии дигари даври 13-ум шуданд. Муддаиёни медалҳои тиллои чемпионати имсола – «Истиқлол» ва «Хуҷанд» дар меҳмонӣ ба пирӯзӣ даст ёфтанд. Дастаҳои  «Истиқлол» бар  дастаи  «Барқчӣ»  (1:0), «Хуҷанд» бар дастаи «Хатлон» (2:1) ғалаба карданд. Голи дастаи «Истиқлол»- ро Дилшод Восиев дар дақиқаи 31 вориди дарвозаи ҳариф кард. Дар дидор миёни дастаҳои «Хуҷанд» – «Хатлон» дар нимаи аввал Кароматулло Саидов – бозингари дастаи Бохтар ҳисобро кушод. Дар нимаи дуюм хуҷандиҳо ду гол заданд. Дар дақиқаи 56 легионери узбекистонии  дастаи   «Хуҷанд» ҳисобро баробар карда, дар дақиқаи 90+5 Манучеҳр Ахмедов аз пеналтӣ голи ғалабаоварро ба нишон расонид.

Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври чордаҳум 18-19 август баргузор мешаванд. Дар даври охирини марҳилаи дуюм дастаҳои  футболи «Куктош» бо «Панҷшер», «Регар-ТадАЗ» бо «Барқчӣ», «Хуҷанд» бо КМВА «Помир»  ва «Истиқлол»  бо «Хатлон»  вомехӯранд.

АМИТ«Ховар»