Бо мақсади шарҳ додани масъалаи авфи муҳоҷирони меҳнатӣ гурӯҳи корӣ ташкил карда шуд

Бо мақсади шарҳи авфи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки аз ҷониби Федератсияи Россия эълон шудааст, дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ ташкил карда шуд. Дар ин бора аз Хадамоти муҳоҷират хабар доданд.
Тавре ки манбаъ иттилоъ дод, ҷиҳати иҷрои Барқияи ҳукуматӣ аз 3 апрели соли равон оид ба корҳои ташвиқотию фаҳмондадиҳӣ оид ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бинобар риоя накардани қонунгузории истиқомат аз ҳудуди Федератсияи Россия хориҷ карда шудаанд, гурӯҳи корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафарбар гардид.
Бояд зикр намуд, ки аъзои гурӯҳи корӣ аз 4 то 12 апрел дар минтақаҳои Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо кормандони шуъбаву бахшҳои Хадамот, роҳбарони мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вохӯрӣ намуда, оид ба ин масъала маслиҳатҳои муфид медиҳанд.
Мақсади ташкили гурӯҳи корӣ- пурзӯр намудани корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ аз тарафи шуъбаву бахшҳо дар ҷамоатҳои сераҳолӣ мебошад.
Хотиррасон менамоем, ки тибқи қарори Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар муҳлати як моҳ- аз 25 март то 24 апрели соли 2017 дар тамоми қаламрави Федератсияи Россия барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расмикунонии истиқомат тавассути бақайдгузорӣ дар мақомоти муҳоҷират ва тамдиди муҳлати будубош имконият дода мешавад.

Манбаъ: АМИТ "Ховар"

Tags: