Хатлон: Маркази мубориза бар зидди бемориҳои сил соҳиби таҷҳизоти замонавӣ гардид

Маркази мубориза бар зидди бемориҳои сили вилояти Хатлон соҳиби дастгоҳи муосири тиббии «Хайн тест» гардид. Дастгоҳи мазкур имкон дорад то 98-99% ин бемориро муайян намояд. Он барои сари вақт муайян кардани чӯбчаи Кох, ки як навъи микобактерияи бавуҷудорандаи бемории сил мебошад, кумак мерасонад.
Тавре директори Маркази мазкур Шамсулло Олимов иттилоъ дод, дастгоҳи замонавӣ имконият медиҳад беморони сил сари вақт аз ташхис гузаранд.
Ба иттилои манбаъ, барои мубориза бо бемории сил дар вилоят заминаи хуби технологияи муосир мавҷуд аст.

АМИТ «Ховар»

 

Tags: