«Иксири саодат» ва «Армуғони аҳли дил» ба китобхонаҳои марказии вилояти Суғд туҳфа гардиданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста донишомӯзиву китобхониро ба ҷавонон тарғиб менамоянд. Дар робита ба ин сиёсати фарҳангсози Сарвари давлат аз ҷониби раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ 600 адад китобҳои арзишманд, ки муҳаққиқони Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» омода намудаанд, ба китобхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои вилоят ройгон тақдим гардиданд.

Тавре аз Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хучандӣ» хабар доданд, аксари ин китобҳо, ба мисли «Мунтахаби ғазалиёт»-и Шӯхии Хуҷандӣ, «Иксири саодат» (гулбайтҳои Хоҷа Камол), «Армуғони аҳли дил» (тарҷумаи ашъори Камоли Хуҷандӣ ба ҳафт забон), «Туҳфат-ул-мулук»-и Абӯҳафси Маҳмуд ҳама бо сифати оливу марғуб ва муҳтавои бою ғанӣ бори аввал ба хонандагон пешкаш мегарданд.

АМИТ "Ховар"