Дар Суғд ба маблағи 4,7 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд

 Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти вилояти Суғд дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016 корхонаҳои саноатии вилояти Суғд ба маблағи наздик ба 4,7 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 бо назардошти индекси нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ 137,2 фоизро ташкил кард.
Ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016 нисбат ба моҳҳои январ-сентябри соли 2015 афзоиши истеҳсоли маҳсулоти хўрокворӣ, маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ, истеҳсоли металлургӣ ва маснуоти тайёри филизӣ, коркарди чўбу тахта ва истеҳсоли маснуот аз чўб ва ғайраҳо мусоидат намуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: