Дар шаҳри Исломобод ҷаласаи 8-уми Шӯрои роҳбарони идораҳои гумрук баргузор гардид

Дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон дар ҳошияи ҳамоиши Созмони ҳамкории иқтисодӣ ҷаласаи 4-уми зеркумитаи коршиносони соҳаи гумрук ва ҷаласаи 8-уми Шӯрои роҳбарони идораҳои гумрук баргузор гардид.

Ба иттилои маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаҳои мазкур муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода иштирок намуд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи 4-уми зеркумитаи коршиносони соҳаи гумрук ва ҷаласаи 8-уми Шӯрои роҳбарони идораҳои гумрук як зумра масъалаҳо, аз ҷумла, дастовардҳои охирини ҳамроҳшавии Созишномаи гумрукӣ бо номи «Созишнома дар бораи таъсиси махзани функсионалии маълумоти СҲИ оид ба қочоқ ва фаъолияти ҳифзиҳуқуқӣ»,  мавқеи лоиҳаи Созишнома оид ба дастгирии ҳамаҷонибаи маъмурӣ дар масъалаҳои гумрукӣ, ташкили курсҳои омӯзишӣ барои кормандони мақомоти гумруки кишварҳои аъзои СҲИ, ташаббусҳои СҲИ, фаъолият ва нақшаҳо барои таҳкими ҳамкории гумрукӣ байни кишварҳои аъзои СҲИ, пешниҳоди мубодилаи электронии маълумоти гумрукӣ байни кишварҳои аъзои СҲИ, азнавкунии маълумоти кишварҳои узви СҲИ дар барномаҳои операторҳои ваколатдори иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

АМИТ "Ховар"