Дар Муъминобод сафи ҷавонони ба хизмати Ватан омода меафзояд

Даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ  дар ноҳияи Муъминобод бо ҷараён идома дорад. То ин давра 35%-и даъватшудагон ихтиёран ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир гардида,  баъди муоинаи тиббӣ  бо  рӯҳияи ватандӯстӣ ба қисмҳои низомӣ  гусел карда шуданд.

Тавре комиссари ҳарбии ноҳия Самандар Шарипов иброз дошт, даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ  нисбат ба даъвати тирамоҳӣ  фарқият дорад. То ин муддат сафи ҷавонони ихтиёран ба хизмати Ватан раванда афзоиш ёфтааст, чунки  шароити қисмҳои низомӣ низ сол аз сол беҳтар  мегардад.

Дар маъракаи гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ саҳми ҷамоатҳои  шаҳраки Муъминобод, Ҷамоати деҳоти Чилдухтарон  ва Ҷамоати деҳоти Шамсиддини Шоҳин хеле назарас  буда, онҳо  нақшаҳои худро ба итмом расониданд. Айни ҳол кормандони комиссариати ҳарбӣ  баҳри мулоқот бо ҷавонон  ба  ҷамоатҳои деҳот сафарбар гардидаанд. Масъулин зимни мулоқот ҷавононро ба ватандӯстию меҳанпарастӣ ҳидоят намуда, онҳоро  ба хизмати Ватан даъват менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола  аз оғози моҳи апрел  бо Фармони Сарфармондеҳи  Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъвати баҳории ҷавонон  ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Точикистон  шурӯъ  мегардад.

АМИТ "Ховар"