Дар Отряди сарҳадии «Турсунзода» дидбонгоҳи сарҳадии замонавӣ кушода шуд

Дидбонгоҳи нави замонавӣ дар Отряди сарҳадии «Турсунзода»-и қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» Муҳаммад Улуғхоҷаев, корманди — маркази матбуоти қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар дод, ҳамчунин биноҳои нави замонавӣ барои афсарону сарбозони қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар чорабинии тантанавӣ бо номи «25-солагии Истиқлолият» ба истифода дода шуданд.
Биноҳо ва дидбонгоҳи сарҳадӣ бо дастгирӣ ва маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сохтмон М-21» навсозӣ ва пурра таъмир гардида, дорои ҳамаи шароит ва утоқҳои муосири замонавӣ барои фаъолияти сарҳадбонон мебошанд.
Дар маросими ба истифода додани иншооти мазкур, Котиби Шӯрои амнияти ҶТ Абдураҳим Қаҳҳоров, муовини якуми раис-Фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Раҳмоналӣ Раҷабалӣ, раиси шаҳри Турсунзода Сиҷоуддин Саломзода, роҳбарони дигар сохторҳои қудратӣ, командирони ҷузъу томҳо ва ҳайати шахсии Отряди сарҳадӣ ва дигар меҳмонон низ иштирок доштанд.
Фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Раҳмоналӣ Раҷабалӣ зикр кард, ки қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ зодаи Истиқлолият буда, дар байни дигар мақомоти қудратӣ ҷавонтарин ва пурмасъулияттарин мақомот ба ҳисоб меравад. Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ бо тамоми ҷузъу томҳояш аз рӯзҳои аввали таъсис бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон фаъолиятро дар тамоми самтҳои сарҳадӣ ба сатҳи баланди омодагии ҷангӣ бароварда, бо техникаҳои замонавӣ таҷҳизонида, ҳифзи боэътимоди сарҳадро таъмин намуданд, ки ин боиси оромӣ ва осоиштагии мардуми Тоҷикистон гардидааст.

Tags: