Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард

Доналд ТускШоми рӯзи 29-уми майи соли 2019 Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Боздиди раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 30 май идома ёфта, қарор аст мавсуф бо роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон дидору мулоқот анҷом дода, аз чанд мавзеъи кишвари мо боздид ба амал орад.

АМИТ «Ховар»