Нуриддин Саид: 31 нафар кӯдакони аз Ироқ баргардонидашуда дар мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ ҷойгир карда шудаанд

31 нафар кӯдакони аз Ироқ баргардонидашуда дар мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ ҷойгир карда  шудаанд. Ин нуктаро Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид имрӯз, 19 июл зимни нишасти мабуотӣ ба хабарнигорон иброз намуд.

Ба зикри номбурда, аз ҷониби вазорат барномаҳои мутобиқгардонӣ ташкил гардида, ба он нафароне, ки алифбои кириллиро намедонанд, дарсҳои иловагӣ дода мешаванд.

“Масъалаи таъмини ғизо, сару либос, зери назорат гирифтани вазъи саломатӣ ва барқарор намудани муносибат бо хешовандони кӯдакон зери назорат қарор доранд”,-баён дошт вазир.

Нуриддн Саид изҳор намуд, ки барои пурра ба ҳолати муқаррарӣ ва асолати миллӣ баргардонидани ин кӯдакон аз ҷониби тамоми ниҳодҳои дахлдор тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 30 апрели соли равон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои корҳои хориҷии Ироқ ва Кувайт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ироқу Тоҷикистон, ташкилоти ЮНИСЕФ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ 84 нафар кӯдакони тоҷик тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе баргардонида шуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: