Дар ноҳияи Спитамен дар соли 2016 4 коргоҳи истеҳсолӣ фаъол гардонида шуд

Дар соли 2016 дар ноҳияи Спитамен 4 корхонаи нави истеҳсолӣ бо фарогирии коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ба истифода дода шуданд. Теъдоди умумии коргоҳҳои ноҳия ба 26 адад расонида шуд. Яке аз чунин коргоҳҳо корхонаи истеҳсоли равғани ҶДММ «Спитамен Ойл» мебошад, ки дар ифтитоҳи он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда, бо буридани лента ба фаъолияти он оғоз бахшиданд. Ин нуктаро Раиси ноҳия Акрам Сулаймонзода зимни нишасти матбуотӣ баён кард.
 Акрам Сулаймонзода оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар соли 2016 гуфт, ки дар давраи ҳисоботӣ қисми даромади буҷети ноҳия 97,2 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 41 миллиону 662 ҳазор сомонӣ андозу даромадҳои гуногун ворид гардиданд. Инчунин соли 2016 бобати бартарафкунии бақияпулиҳои қарзи андоз тадбирҳо андешида шуда, то 1 декабри соли 2016 қарзи андозупорандагони ноҳия дар назди буҷети давлатӣ 5 миллиону 542 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба 1 январи соли 2016-ум 1 миллиону 940 ҳазор сомонӣ кам аст.

АМИТ «Ховар»

Tags: