Фестивал-озмуни «Андалеб-2016» бо ҳунарнамоии санъаткорони ноҳияи Сино оғоз гардид

 Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016» сараввал  бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ  ва барномаи консертии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оғоз гардид.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳакамон намоиши ҳунарҳои мардумии ноҳияи мазкурро ба 8 хол муносиб донистаанд. Дар иҷрои шартҳои озмун дар доираи барномаи консертӣ ҳунармандони ин ноҳия дар лапархонӣ  (9,7 хол)  ва рақси якка  (9,4 хол)  афзалият дошта, дар маҷмӯъ соҳиби 100,6 хол  гардиданд.
Хотиррасон менамоем, ки намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои консертии 10 шаҳру навоҳии кишвар, ки ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфтаанд, то 21 августи соли равон  идома ёфта,  23 август бо намоиши гулчини барномаҳои ҳунарии ҳамаи шаҳру навоҳӣ Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016»  ҷамъбаст мегардад.

АМИТ «Ховар»

Tags: