Дар ноҳияи Б. Ғафуров раиси ноҳия ва ҳашарчиён дар пахтачинӣ кумак намуданд

Дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷамъоварии пахта вусъат мегирад. Рӯзи якшанбе раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ, кормандони шуъбаву бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, идораву ташкилот, сокинони ҷамоатҳо, саҳмдорон ва аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ, дар маҷмӯъ 7785 нафар ихтиёриён  дар кооперативи тиҷоратӣ-истеҳсолии ба номи Турсун Қушматови ноҳия  дар чидани пахта ба чинакчиён кумак намуданд.
Бино ба  маълумоти Раёсати кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар ин рӯз чинакчиён зиёда аз 350 тонна пахта чида, ба хирмани давлат супориданд.
Мувофиқи пешбинӣ ҳосили пахта дар ноҳия ба 13 ҳазор тонна мерасад, ки нисбат ба соли гузашта 3 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Дар ноҳия 4 корхонаи коркарди пахта мавҷуд аст, ки барои қабул ва коркарди ин навъи маҳсулоти ватанӣ омода мебошанд.
То 15 сентябр дар 6 ҳазор хоҷагии кишоварзии ноҳия зиёда аз 1783 тонна пахта ҷамъоварӣ ва ба корхонаҳои коркард супорида шудааст, ки ин 14 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

АМИТ «Ховар»

Tags: