Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони майдони Парчам ва Нишони давлатӣ ҷараён дорад

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад.

Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Сохтмони майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия аз моҳи марти соли равон оғоз гардидааст, ки дар ин муддат корҳои ҳамворкунии қитъаи замин, бунёди таҳкурсии иншоот ва васлу насби Парчам ва Нишони давлатӣ ба анҷом расонида шуд.

Айни замон корҳои сабзкорӣ, сафолакпeчии роҳравҳо ва ободонии  атрофи онҳо идома доранд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун нақша доранд, ки иншооти мазкурро  то таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расонида, ин маконро барои баргузории барномаҳои фарҳангию сиёсӣ омода намоянд.

АМИТ «Ховар»

Tags: