Ба истифода додани бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Роғун

Имрӯз дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди истифода қарор додани бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иштирок кард.

Баъди буридани лентаи рамзии иншооти нав Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити корӣ дар бинои нав шинос шуд.Бинои нав барои мақомоти амнияти миллӣ дар шаҳраки  Оби Гарм  бо тарҳу услуби хос барои сохторҳои қудратӣ бунёд шуда дорои шароити хуби корӣ мебошад. Дар ин ҷо ҳамчунин барои кормандони мақомоти амният шароити созгори истиқомат ва истироҳату табобат фароҳам оварда шудааст.

Марвиди зикр аст,ки беҳдошти шароит ва таҳкими иқтидору имконоти  мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон  дар маркази  таваҷҷуҳи пайваста ва дастгирии ҳамарӯзаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  солҳои 2010-2015 сохтмони иншооти соҳа дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, ҳамчунин биноҳои маъмурии шуъбаҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар ноҳияҳои Шаҳринав, Варзоб, Восеъ, Фархор, Шуғнон  ва Дарвоз бо сифати баланд ба итмом расида заминаи моддиву техникии сохторҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат  мустаҳкам гардонида шудааст.