Дар Мосул 6 роҳбари «Давлати исломӣ»-ро маҳв карданд

Дар Мосул неруҳои ҳавоии Ироқ 6 роҳбари хориҷии гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ»-ро (ДИ, мамнӯъ дар Тоҷикистон) зимни зарбаҳои ҳавоӣ маҳв карданд. Дар ин бора «АИР Новости» бо истинод ба шабакаи телевизиони «Ас-Сумария» хабар медиҳад.

Бино ба маълумоти иктишофӣ, миёни роҳбарони маҳвгардида шаҳрванди Россия Абдулкарим ар-Русий бо тахаллуси Абусамир, ки ба ном «Баталйони Тариқа ибни Зиёд»-ро дар ҳайати «Давлати исломӣ» роҳбарӣ мекард, буд. Миёни дигар фармондеҳони кушташуда террористон аз Франсия, Британияи Кабир, Туркия ва Марокаш будаанд.

Чанде пеш иттилоъ расид, ки неруҳои ҳукуматӣ ба марҳилаи ниҳоии амалиёти озоднамоии Мосул аз ҷангиёни ДИ баромаданд. Амалиёт аз моҳи октябри соли 2016 инҷониб бо дастгирии эътилофи байналмилалӣ таҳти роҳбарии ИМА идома дорад.

Tags: