Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари давлатӣ ва иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Туркманистон сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои об, нақлиёт, фарҳанг, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раисони кумитаҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, рушди сайёҳӣ, сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: