Ба қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо тағйирот ворид карда мешавад

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйирот ворид карда мешавад.
Масъалаи мазкур дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, ки 20 март таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, баррасӣ шуд.
Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ зикр намуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади амалӣ намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар ва бартараф намудани норасоӣ ва номутобиқатии санадҳои қонунгузории ҷорӣ, инчунин истифодаи истилоҳоти якхелаи ҳуқуқии дар он истифодашаванда аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон Абдуҳалим Ғаффоров ва Миралӣ Достизода таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Дар ҷаласаи Шӯро ҳамзамон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» ва «Дар бораи зотпарварӣ» баррасӣ гардиданд.

Tags: