Дар машқгоҳи низомии «Ҳарбмайдон» миёни Тоҷикистон, Русия ва Узбекистон машқҳои муштараки васеи низомӣ ҷараён доранд

Шурӯъ аз 1 август дар доираи ҳамкории ҳарбӣ ва тибқи  созишномаҳои қаблан ба тасвиб расида миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Узбекистон дар машқгоҳи низомии «Ҳарбмайдон»-и гарнизони Хатлон бо ҷалби ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи се давлат машқҳои муштараки васеи низомӣ оғоз шуданд.

Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ  Фаридун Маҳмадализода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Дар машқҳои муштараки васеи низомӣ зиёда аз ду ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи се давлат иштирок намуда, дар он 25 адад чархболҳои чангиву нақлиётӣ, ҳавопаймоҳои бомбаандозу қиркунанда, қариб 300 адад техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву махсус, тӯп ё воситаҳои гуногуни артиллерӣ, техникаҳои автомобилӣ, силоҳу муҳимоти мухталифи ҳозиразамони ҳарбӣ ва дигар лавозимоти махсуси низомӣ истифода мешаванд.

Ҳадаф аз баргузор намудани машқҳои муштараки васеи низомӣ — амалан санҷидани иҷрои вазифаҳои ҷангии ҷузъу томҳо ҳангоми номуътадил гардидани вазъият дар сарҳади давлатӣ, сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Узбекистон дар ташкили амалиёти муваффақонаи низомӣ, ҳамоҳангии ҷузъу томҳо дар сурати ба вуқӯъ пайвастани ҳама гуна таҳдиди хатар, вусъат додани қувва ва воситаҳои моддӣ-техникӣ мебошад.

Инчунин омўзишу аз бар намудани минтақаву мавзеъҳои ҷуғрофӣ зимни доир кардани амалиёти ҷангӣ ва сафарбарии қӯшунҳо дар самти гузаронидани тамринҳои мухталифи зиддитеррорӣ дар минтақаҳои марзӣ, шароити дашту саҳро ва кӯҳистони ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳадафҳои  асосии машқҳои муштараки васеи низомӣ мебошад.

Машқҳои муштараки васеи низомӣ 10 август хотима меёбанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: