Дар Душанбе Дави миллӣ баргузор мегардад

Пагоҳ, 3 сентябри соли 2016 аз соати 7:00 то 11:00 дар шаҳри Душанбе Дави миллӣ гузаронида мешавад. Дави миллӣ аз даромадгоҳи маҳаллаи Чорбоғ оғоз мегардад ва дар он аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ варзишгарону нафарони касбу кори гуногун ширкат меварзанд.
Мусобиқаи мазкур ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, мақсади он таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонию варзиш ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.

АМИТ «Ховар»

Tags: