Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара дар Семинар-машварати ҷумҳуриявии кишоварзон ва мулоқот бо фаъолон иштирок намуданд

ДУШАНБЕ, 17.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 17 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар Семинар-машварати ҷумҳуриявии кишоварзон ва мулоқот бо фаъолон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар чорабинӣ роҳбарони вилоятҳо, раисони шаҳру ноҳияҳои кишвар ва фаъолони ноҳияи Данғара иштирок доштанд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ ба ноҳияи Данғараро натиҷагирӣ карда, вазъи воқеии соҳаҳои иқтисоди миллии Тоҷикистон, аз ҷумла саноату кишоварзӣ ва дигар бахшҳоро таҳлил намуданд.

Роҳбари давлат масъалаҳои марбут ба таъмини фаъолияти мунтазами бахшҳо, боло бурдани самаранокии истеҳсолот, баланд бардоштани сатҳи маданияти истифодаи замину об, инчунин, вазъи корҳои созандагиву ободонии кишварро баррасӣ намуда, дар назди масъулини шаҳру ноҳияҳо вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Таъкид гардид, ки дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ суръати рушди иқтисоди миллӣ 8,2 фоиз афзоиш ёфта, сатҳи таваррум 1,8 фоизро ташкил дод. Дар ин давра нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ 110,6 фоиз иҷро гардида, маблағгузории соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар таъмин карда шуд.

Дар робита ба пурра иҷро нагардидани нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо дар баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои марбута супориш доданд, ки барои сари вақт ва пурра ҷамъоварӣ намудани андозҳо, кам кардани бақияпулии онҳо, дарёфти манбаъҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ ва таъмин намудани самаранокии хароҷоти захираҳои молиявӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Зимни таҳлили вазъи сармоягузорӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуданд, ки фаъолияти худро барои ҷалби сармояи мустақим баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла саноатикунонии босуръат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ куллан вусъат бахшанд.

Вобаста ба нокифоя будани ҳаҷми пешниҳоди қарзҳо аз ҷониби ташкилоти қарзӣ масъулин супориш гирифтанд, ки барои таъмин намудани дастрасии соҳибкорони хурду миёна ба қарзҳои имтиёзнок ва дарозмуҳлат, махсусан, дар соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ чораҳои амалӣ андешанд.

Гуфта шуд, ки барои вусъат бахшидани раванди рушди устувори соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар Паёми Роҳбари давлат солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон гардид.

Дар ин робита истифодаи технологияҳои рақамӣ ва гузариш ба низоми пурраи пардохтҳои ғайринақдӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва соҳаҳои мухталиф талаби қатъии замони муосир номида шуд.

Зимни суханронӣ дар Семинар-машварати ҷумҳуриявии кишоварзон ва мулоқот бо фаъолон Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду пешрафти соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Аз ҷумла, барои рушди соҳаи саноат зарур шумурда шуд, ки маҷмааҳои нассоҷӣ дар кишвар ташкил гардида, бо ин роҳ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа афзоиш дода шавад. Дар ин зимн супориш дода шуд, ки барои содироти онҳо низ тамоми тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти бенизоми баъзе корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаҳои аз фаъолият бозмонда изҳори нигаронӣ намуда, зарур шумурданд, ки камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа бартараф ва масъалаҳои ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва зиёд намудани суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, бахусус, дар соҳаҳои коркард сари вақт ҳаллу фасл карда шавад.

Барои баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашуда дар самти рушди саноат вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар аз Пешвои миллат дастур гирифтанд, ки иҷрои супоришҳои қаблан додашуда оид ба рушди соҳаҳои саноат, аз ҷумла коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, инчунин, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридотро ҳатман таъмин созанд.

Таъмини аҳолии кишвар бо кори доимӣ аз масъалаҳои дигари ҳалталаб дониста шуд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ноил гардидан ба истиқлоли энергетикӣ дар кишвар сарфаҷӯйӣ ва истифодаи самараноки неруи барқро шарти асосӣ ва муҳим номиданд.

Аз ҳама масъалаи ташвишовар талафоти зиёди неруи барқ, хусусан, талафоти ғайритехникӣ ва истифодаи ғайриқонунии он мебошад.

Сарвари давлат барои пешгирӣ кардани қонунвайронкуниҳо дар низоми энергетикии кишвар, ба роҳ мондани назорати ҷиддии истифодаи неруи барқро зарур шумурданд.

Таъкид гардид, ки баҳри комилан аз байн бурдани талафоти ғайритехникии он дар кишвар Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президент таъсис дода шуда, дар қонунгузории Тоҷикистон барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷавобгарии ҷиноятии мушаххас муқаррар карда шуд.

Аз сохторҳои марбута, роҳбарону масъулони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва воситаҳои ахбори омма даъват карда шуд, ки бо ҷалби аҳли зиё ва фаъолони ҷомеа моҳияти муқаррароти нави қонунгузориро вобаста ба ҷавобгарии ҷиноятӣ барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ба ҳар як оилаи кишвар ба таври васеъ ва мушаххас фаҳмонанд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар баробари ин тадбирҳо, барои самаранок истифода намудани неруи барқ, сарфаи он ва ҷамъоварии пурраи маблағи барқи истифодагардида корҳо тақвият дода шавад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, тағйирёбии иқлим ва таъсири онҳо ба иқтисоди миллӣ зарур шумурданд, ки мардум баҳри ҳифзи амнияти озуқаворӣ дар кишвар тамоми тадбирҳои заруриро андешида, барои кам кардани вобастагии бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулоти воридотӣ аз ҳамаи имконияту захираҳои мавҷуда пурра ва самаранок истифода намоянд.

Дар ин ҷода сохтору мақомоти дахлдор, соҳибкорону роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кулли шаҳрвандони кишвар вазифадор шуданд, ки истифодаи самараноку сарфакоронаи обу замин, хусусан, заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, васеъ ва ҳатман ба роҳ мондани кишти такрориро таъмин намоянд.

Таъкид шуд, ки танҳо бо саъю талоши ҳар як сокини кишвар ва дар навбати аввал, роҳбарону кормандони соҳаи кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои худӣ мо метавонем ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне ҳифзи амнияти озуқаворӣ, дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ноил гардем.

Барои таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолии дохилӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал, ташкил кардани захираи кофии он, аз ҷумла дар ҳар як оила, роҳ надодан ба исрофкорӣ ва хароҷоти барзиёд ва риояи ҳатмии қоидаҳои сарфаю сариштакорӣ аз ҳар як роҳбар, шахси масъул ва шаҳрвандон муносибати ҷиддӣ ва масъулияти баланд талаб карда шуд.

Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд бояд ба ташкили фаъолияти муназзами ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бомаром идома додани нақшаҳои созандагиву бунёдкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармояи ватаниву хориҷӣ, истифодаи самараноки манбаъҳои мавҷуда, дарёфти сарчашмаҳои иловагии рушд ва дигар тадбирҳо бояд эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ дода шавад.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ аз истифодаи самараноки захираҳои замину об вобастагӣ дорад.

Дар ин робита аз роҳбарияти сохторҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ андешидани чораҳои фаврӣ тақозо гардид. Сохторҳои масъул ҳамчунин вазифадор карда шуданд, ки аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда дар ҷамъбасти сол ба Ҳукумати кишвар ҳисоботи мушаххас манзур намоянд.

Бинобар таъмин нагардидани амалисозии нақшаи Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои солҳои 2022-2027 ташкилоту муассисаҳои марбута ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки барои сари вақт амалӣ намудани барномаҳои соҳавӣ ва пешгирии ҳолатҳои шӯршавӣ, эрозия, зиёд шудани заминҳои партов, аз гардиши кишоварзӣ берун мондани онҳо, инчунин, аз худ кардани заминҳои нав ва бо усули обёрии қатрагӣ зиёд намудани масоҳати заминҳои кишт тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Тавре таъкид гардид, ҳарчанд ки ба ҳолати 12 май дар кишвар дар майдони 415 ҳазор гектар ё 94 фоизи дурнамо кишти баҳорӣ анҷом дода шудааст, вале иҷрои дурнамои кишти картошка ҳамагӣ 73 фоиз ва сабзавот 91 фоизро ташкил медиҳад.

Барои бартараф кардани камбудиҳо дар самти пурра амалӣ нагардидани нақшаи кишти баҳорӣ, таъмини дурнамои пахта ва картошка аз ҷониби роҳбарони вазорату идораҳо ва раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо қатъиян иҷро намудани супоришҳои Роҳбари давлат доир ба рушди соҳаи пахтакорӣ ва коркарди минбаъдаи пахта то маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда талаб карда шуд.

Ҳамзамон бо ин, супориш дода шуд, ки иҷрои дурнамои кишти зироатҳо, хусусан, пахта, картошка ва ғалладонагиву лӯбиёгиҳо, кишти такрорӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, рушди муназзами истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва афзоиши содироти маҳсулот таъмин карда шавад.

Дастуру супоришҳои дигар вобаста ба пурра ба анҷом расонидани кишти баҳории зироатҳо, иҷрои нақшаи кишти такрорӣ ва гирифтани 2 — 3 ҳосил, таъмин намудани хоҷагиҳо бо тухмии аълосифати картошкаву сабзавот ва дигар намуди зироатҳо, инчунин, нуриҳои маъданӣ дода шуд.

Масъулини соҳаи кишоварзӣ аз Роҳбари давлат дастур гирифтанд, ки барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили ғалладона, бештар аз ҳисоби картошка, шолӣ, маккадон ва лӯбиёгиҳо васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ чораҷуӣ намоянд.

Зарур шумурда шуд, ки масъулин барои мубориза бо ҳашароти зараррасон бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ ҳамкории судманд ба роҳ монанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар кишвар баҳри рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ ва пиллапарварӣ шароити мусоид мавҷуд буда, як қатор имтиёзҳо барои ин бахшҳо пешбинӣ шудааст, вале истеҳсол ва содироти асал ҳоло ҳам ба имкониятҳои мавҷуда мутобиқ нест.

Барои амалисозии ҳадафҳо дар ин соҳаҳои даромаднок масъулин якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд.

Фаъолияти ғайриқаноатбахши хоҷагиҳои махсуси тухмипарварӣ, зотпарварӣ, ниҳолпарварӣ ва растанипарварӣ аз масъалаҳои дигари ташвишовар номида шуд, ки ба соҳаи кишоварзӣ таъсири бевосита дорад.

Сохторҳои марбута аз Роҳбари давлат дастур гирифтанд, ки камбудиҳои дар ин самт ҷойдоштаро пурра бартараф карда, иҷрои нақшаву барномаҳои пешбинишударо таъмин созанд.

Бо дарназардошти иқтидори бузурги вилояти Хатлон дар самти содироти маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус, меваю сабзавоти барвақтӣ супориш дода шуд, ки истифодаи пурраи ин имкониятҳо пурра ба роҳ монда шавад ва корҳо оид ба бунёди ду маркази агрологистикии дар ноҳияҳои Данғара ва Ҷалолиддини Балхӣ банақшагирифташуда тақвият дода шаванд.

Як қатор сохторҳои давлатӣ вазифадор шуданд, ки ташкили содироти мева ва сабзавоти барвақтиро ба роҳ монда, бо таъсис додани ситоди корӣ фаъолиятро дар ин самт ҷоннок намоянд.

Зимни баррасии масоили иҷтимоӣ, бахусус рушди соҳаи пешбарандаи ҷомеа – маориф, аз ҷумла бунёди муассисаҳои томактабӣ амри муҳим дониста шуд. Сарвари давлат бори дигар зарурати дар давоми панҷ соли оянда дар ҳар маҳаллаи дорои зиёда аз 100 оила ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабиро талаб намуданд.

Таъкид карда шуд, ки тибқи нақша соли 2025 бояд 168 муассисаи томактабӣ сохта ба истифода додашуда, то муҳлати муқарраршуда бунёди боз зиёда аз 800 чунин иншоот барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синни томактабӣ таъмин карда шавад.

Гуфта шуд, ки тибқи супориши Президенти кишвар дар Паём ба Маҷлиси Олӣ дар панҷ соли оянда дар кишвар бояд беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ сохта, ба истифода дода шавад.

Барои ислоҳи камбудиҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, аз ҷумла беҳдошти ҳолати муассисаҳои ин бахшҳо роҳбарияти сохторҳои давлатӣ аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла вилояти Хатлон вазифадор гардиданд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва бартараф намудани норасоии табибон дар муассисаҳои тандурустӣ ва дигар камбудиҳои ҷойдошта фавран чораҷӯӣ намоянд.

Корҳои ободонию созандагиро ба истиқболи ҷашни умумимиллӣ-35-солагии истиқлоли давлатӣ натиҷагирӣ намуда, Сарвари давлат изҳор доштанд, ки ба ҳолати 1 майи соли 2025 дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ин ҷашни бузург дар кишвар аз 29 ҳазор иншооти нақшавӣ беш аз 20 ҳазору 200 адад бунёд гардидааст, ки 70 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Таъкид гардид, ки дар баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар иҷрои нақшаи чорабиниҳо қонеъкунанда нест.

Пешвои миллат аз роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони сохторҳои марказии ба шаҳру ноҳияҳо вобасташуда масъулияти баланд ва тақвияти ҷиддии корҳоро талаб намуданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми соҳибкорони боҳиммат, ватандӯст ва аҳолии шаҳру ноҳияҳоро дар бунёди иншооти мухталиф назаррас арзёбӣ карданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ аз амалисозии ҳадафҳои созанда дар як қатор шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла ноҳияи Данғара таъкид доштанд, ки дар ноҳия иҷрои нақша бо дарназардошти 460 иншооти иловагӣ таъмин гардида, дар доираи он 27 мактаб, 3 кӯдакистон, 2 беморхона, 4 маркази саломатӣ, 7 бунгоҳи тиббӣ, 3 таваллудхона, 18 корхона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ бо таъсиси беш аз 1,5 ҳазор ҷойҳои нави корӣ, 29 маркази хизматрасонӣ, 3 боғи фарҳангу фароғат ва 11 пул сохта, ба истифода дода шуда, 77 километр роҳҳо мумфарш ва 133 километр сангфарш карда шудааст. Ҳоло боз 60 иншооти дигар бунёд гардида истодааст, ки соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад.

Таъкид шуд, ки маблағи то имрӯз барои ободонӣ сарфшуда 2,3 миллиард сомониро ташкил кардааст, ки 628 миллион сомонии он барои бунёди муассисаҳои таълимӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ хароҷот гардидааст. Хотирнишон гардид, ки маблағҳои зикршуда пурра аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолии ноҳия мебошанд.

Дар ин робита зикр гардид, ки соли ҷорӣ 80 сокини ноҳияи Данғара барои адои маросими ҳаҷ номнавис шуда буданд ва аз ин шумора 40 каси онҳо аз рафтан ба ҳаҷ даст кашида, маблағҳои ба ин мақсад пасандозкардаи худро ба корҳои хайри ободонии ноҳия сарф кардаанд.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки чунин иқдоми сокинон қобили таҳсин ва дастгирӣ аст.

Зикр карда шуд, ки танҳо дар ҷамоатҳои деҳоти Пушинг ва Корез бо саҳми аҳолӣ ва соҳибкорону шахсони саховатпеша 5 мактаб барои 4800 хонанда, кӯдакистон, муассисаҳои тандурустӣ ва 7 корхонаи истеҳсолӣ сохта шудааст.

Вобаста ба ин, ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ва вазорату идораҳое, ки масъули иҷрои корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар мебошанд, супориш дода шуд, ки таҷрибаи ҷамоатҳои деҳоти Пушинг ва Корезро омӯзанд ва барои иҷрои саривақтиву босифати нақшаҳои пешбинигардида истифода намоянд.

Ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар муроҷиат намуда, Роҳбари давлат иброз доштанд, ки ободиҳои дар ноҳияи Данғара ва деҳаҳои он дидаашон, таҷрибаи хуби ба корҳои созандагиву ободонӣ сафарбар намудани соҳибкорон ва аҳолӣ мебошад.

Бо истифода аз фурсат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба амалисозии корҳои неку созандаи мардуми шарифи кишвар, аз ҷумла соҳибкорону сокинони ноҳияи Данғара ва саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ бори дигар ба ҳамаи соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва кулли сокинони диёр барои дастгирии ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосу миннатдории самимӣ баён намуданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мардуми кишварро ба заҳмати содиқона ва азму талоши созанда, инчунин, ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, таъмини волоияти қонун ва риояи ҳатмии он ҳидоят намуданд. Аз волидон ва фаъолони ҷомеа талаб карда шуд, ки суннатҳои неки миллӣ ва хусусан сарфаю сариштакориро риоя намуда, фарзандонро дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ тарбия созанд.

“Мо вазифадорем, ки ба фарзандон барои омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар шароит муҳайё созем, моҳият ва аҳаммияти истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллиро фаҳмонем, то фарзандони мо фирефтаи афкори таассубомезу тундрави динӣ нагардида, ҳамчун насли босаводу соҳибмаърифат ва огоҳу донишманд ба камол расида, дар оянда ба Ватан, давлат ва миллати худ содиқона хизмат кунанд”, — таъкид доштанд Сарвари давлат.

Вобаста ба амалисозии тадбирҳои муҳими созандагию бунёдкорӣ  ба роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони сохторҳои марказӣ дар маҳалҳо супориш дода шуд, ки тамоми мардумро то ҷашни 35-солагӣ ба тозаву озодагӣ ва обод кардани ҳар як хонаву кошона, кӯчаву хиёбон ва майдону гулгашт то дурдасттарин деҳоти кишвар сафарбар намоянд.

Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки мардуми ватандӯст, бонангу номус ва матиниродаи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони вилояти Хатлон минбаъд низ бо ҳисси баланди хештаншиносӣ дар ҳифзи дастовардҳои таърихии халқамон, ҳимояи манфиатҳои давлату миллати куҳанбунёдамон ҳушёру омода хоҳанд буд ва бо заҳмати содиқонаву софдилонаи худ Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу пешрафта хоҳанд гардонид.

Дар Семинар-машварати ҷумҳуриявии кишоварзон Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Зарифбек Давлатзода, Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир, Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот доданд.

Меҳмонони ноҳияи Данғара – раисони шаҳру ноҳияҳои Бадахшон, Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба таассуроти некашон аз корҳои созандагию ободонӣ андешаронӣ намуда, таҷрибаи сокинони ноҳияи Данғараро намунаи ибрати дигар минтақаҳои Тоҷикистон номиданд.

Tags: