Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «TAJIKISTAN-2018» баргузор мегардад

Моҳи август дар Маҷмааи  давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии  «Тоҷикистон-2018» баргузор  мегардад.

Созмондиҳандаи намоишгоҳи мазкур  Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон  буда, он бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Интизор  меравад, ки  дар Намоишгоҳи  байналмилалии  универсалии «Тоҷикистон -2018» ширкатҳои тавлидкунандаи ватанию хориҷӣ молу маҳсулоти худро дар бахшҳои  энергетика, таҷҳизот барои соҳаи кӯҳкорӣ, мошинсозӣ, металлургӣ, саноати кимиёӣ, сохтмон, кишоварзӣ, хӯрокворӣ, тандурустӣ, фармасевтика, саноати сабук, сайёҳӣ, таҷҳизот ва технологияҳои муосири истеҳсолӣ, соҳаи бонкӣ, молиявӣ ва сармоягузорӣ ба намоиш гузошта,  муаррифӣ намоянд.

Намоишгоҳи байналмилалии универсалии  «Тоҷикистон-2018» дар масоҳати ҳазор метри мураббаъ  ташкил карда шуда, ҳадафаш муаррифии молу маҳсулоти  ширкату корхонаҳои тавлидотии мамлакат арзёбӣ мегардад.

АМИТ"ХОВА"