Вазорати адлия: Соли сипаришуда пош хӯрдани оилаҳо дар қиёс ба соли 2019 беш аз ду ҳазор ҳолат кам ба қайд гирифта шудааст

Аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Тоҷикистон соли сипаригардида 67 ҳазору 104 ҳолати сабти ақди никоҳ ба қайд гирифта шуд, ки ин омор соли 2019  ба зиёда аз 79 ҳазор  ҳолат мерасид. Ҳамзамон соли гузашта 10 ҳазору 536 ҳолати бекор кардани сабти ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки дар қиёс ба соли 2019 беш аз ду ҳазор ҳолат коҳиш ёфтааст.

Вазири адлияи ҷумҳурӣ Музаффар Ашӯриён  имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе, ки фаъолияти Вазорати адлияи мамлакатро  дар соли гузашта натиҷагирӣ кард, омили асосии пош хӯрдани оилаҳо, бахусус оилаҳои ҷавонро паст будани  сатҳи маърифати оиладорӣ  арзёбӣ намуд.

Ҳамзамон соли 2020 аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 192  ҳолати сабти ақди никоҳи шаҳрвандони  Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, назири Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Афғонистон, Эрон, Амрико  ба қайд гирифта шудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: