Дар Душанбе густариши ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид

Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода 28 феврал Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Холгер Гренро ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар вохӯрӣ Сафири Олмон паёми табрикии Вазири федералии корҳои хориҷии Олмон Зигмар Габриэлро ба муносибати 25-солагии барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Олмон супорид.
Ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Олмон дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

АМИТ «Ховар»