Дар Душанбе дурнамои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаи маориф баррасӣ гардид

Дирӯз, 12 сентябр дар Душанбе Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Раиси Бунёди маорифи Туркия профессор Бирол Акгюнро ба ҳузур пазируфт.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркияро дар соҳаи маориф мавриди муҳокима қарор доданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: