ВКД ХАБАР МЕДИҲАД: Шахсияти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз Туркия ва АМА омада буданд, муайян ва барои муоинаи тиббӣ дар беморхонаҳои вилояти Суғд ҷойгир карда шуданд

Шахсияти 17 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки 14-15 март тавассути хатсайрҳои Истамбул – Тошканд ва Шарҷа-Тошканд аз Ҷумҳурии Туркия ва Амороти Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон омада буданд, муайян гардида, барои муоинаи тиббӣ дар беморхонаҳои вилояти Суғд ҷойгир карда шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

«Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустии ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шахсияти шаҳрвандони мамлакатро, ки 14-15 март тавассути хатсайри №274 Истамбул – Тошканд (16 нафар) ва 14 март тавассути хатсайри № НУ 332 Шарҷа-Тошканд (1 нафар) ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон фуруд омада, баъдан тавассути гузаргоҳи сарҳадӣ ба Тоҷикистон ворид шудаанд, муайян намуда, онҳоро барои муоинаи тиббӣ дар беморхонаҳои ҳудуди вилояти Суғд ҷойгир кард», — омадааст дар иттилоияи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ.

АМИТ «Ховар»

Tags: