Дар Душанбе байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Фаластин машваратҳои сиёсӣ баргузор гардиданд

23 апрели соли равон дар шаҳри  Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷиииҶумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Давлати Фаластин баргузор гардиданд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷиии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар он ҳайати Тоҷикистонро муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва ҷониби Фаластинро муовини Вазири корҳои хориҷӣ Мозин Шомия роҳбарӣ намуданд.

Зимни машваратҳо тарафҳо масоили рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Фаластин ва роҳҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, маориф ва фарҳанг, амният ва тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба вазъият дар Шарқи Наздик ва Афғонистон табодули назар намуда, зарурати талошҳои муштаракро ҷиҳати ҳалли мушкилоти минтақавӣ таъкид карданд.

АМИТ "Ховар"

Tags: