Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Конститутсия сайругашти оммавӣ доир мешавад

Бо мақсади дар сатҳи баланд ва хотирмон таҷлил намудани Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе нақшаи барномаҳои идонаро тарҳрезӣ намудааст. 6 ноябр аз субҳ дар Боғи устод Рӯдакӣ, боғҳои фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо», «Кӯли ҷавонон» ва Майдони «800-солагии Маскав» намоиши идона барпо гардида, ҳунармандони ансамблҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-«Шашмақом», «Фалак», «Дарё», «Ориё», «Гулрез», ансамблҳои Филармонияи давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла дастаҳои «Гулшан», «Зебо» , «Ҷаҳоноро» ва овозхонҳои дастаҳои дигари ҳунарӣ барномаи рангини идонаро пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахт мегардонанд.
muhammadrofiҲамзамон дар ин рӯз бо мақсади пурнозу неъмат гардонидани дастархони идонаи сокинони пойтахт ва болида намудани рӯҳияи шаҳрванон дар тамоми боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳр сайругашти оммавии сокинон, намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, кулчагию қаннодӣ ташкил карда мешавад.
Хотиррасон менамоем, ки 22 сол муқаддам, аниқтараш 6 ноябри соли 1994 тавассути баргузории раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити хеле мураккаб ва сарнавиштсоз қабул гардид. Бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварамон пояҳои давлатдории миллӣ гузошта шуданд. Бо назардошти равандҳои рушди ҷомеаи муосир дар зарфи 22 сол се маротиба- солҳои 1999, 2003 ва моҳи майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Tags: